Тирпарронӣ дар Краснодар: ду кас ҳалок шуд

Дар ҷануби Русия шахси ношинос дар назди маркази савдо ба сӯи мардум оташ кушод - қурбониҳо ҳастанд. Дар бораи захмиён то ҳол маълум нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Як мард дар кӯчаи Кримск дар қаламрави Краснодар чанд нафарро паррондааст.
Дар ин бора ба РИА Новости мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят хабар доданд.

"Дар паи ин ҳодиса ду нафар ба ҳалокат расида, маълумот дар бораи қурбониён мушаххас карда мешавад", - гуфт манбаъ.

Ҳамдардии Раҳмон ба Путин дар робита ба маргу ҷароҳати даҳҳо нафар дар мактаб
Қаблан додситонии вилоят аз тирпарронӣ дар назди маркази савдои "Славянский"-и Кримск хабар дода буд. Шахсе, ки оташ кушод, то ҳол шиносоӣ нашудааст.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар ҷойи ҳодиса муфаттишони Кумитаи тафтишотии минтақавӣ кор мекунанд.
Онҳо талош доранд, ҳолатҳои рӯйдод ва ангезаҳои ҷиноятро муайян кунанд. Тафтишотро сардори шӯъбаи тафтишотии вилоят Андрей Маслов назорат мекунад.