Раҳмон бо генералу дипломатҳо озими Ереван шуд

Ҳадафи сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ереван иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон озими ҷумҳурии Арманистон шуд, хабар дод дафтари матбуоти сарвари давлат.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури Тоҷикистонро дар ин сафар аз ҷумла вазири мудофиа, Шералӣ Мирзо, котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, Насрулло Маҳмудзода ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар баробари ин бо Раҳмон ба Ереван вазири корҳои хориҷӣ Сироҷдиддин Муҳриддин, ёвари раисиҷумҳур оид ба корҳои хориҷӣ Аъзамшо Шарифӣ ва дигар шахсони расмии Тоҷикистон рафтаанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллӣ, раиси Маҷлиси намояндагон, сарвазир ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент гусел намудаанд.
Замону макони мулоқоти нави роҳбарони кишварҳои узви СААД маълум шуд
Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви СААД 23 ноябр дар Ереван баргузор мешавад. Дар он намояндагони Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон низ ширкат хоҳанд кард.
Иштирокдорон масъалаҳои таҳкими меъмории амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.
Муҳимтарин масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа такмили низоми вокуниш ба бӯҳрони созмон ва тадбирҳои муштарак барои расонидани кумак ба Арманистон мебошанд.
Ҳамчунин дар мавриди таъмини нерӯҳои посдори сулҳи СПАД бо аслиҳа ва техника ва баргузории чорабиниҳои муштарак оид ба ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ як қатор санадҳо ба имзо хоҳанд расид.
Қаблан сарони кишварҳои ин созмон таҳияи низоми вокуниш ба бӯҳронро баррасӣ карда буданд. Дар иҷлосияи ғайринавбатӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон ба таври ҷудогона азми кишварро барои иҷрои ӯҳдадориҳои иттифоқӣ дар чаҳорчӯби СПАД таъкид кард.