Путин: Русия барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон талош хоҳад кард

Раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи сарони СПАД дар Ереван гуфт, ки Русия барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон талош хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо раҳбарони кишварҳои узви СПАД гуфт, Русия барои ба эътидоли вазъ дар Афғонистон кумак мекунад ва вазифаи аввалиндараҷа ташкили ҳукумати фарогир дар ин кишвар аст, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
"Мо барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон дар чаҳорчӯби дигар механизмҳои бисёрҷониба мусоидат хоҳем кард", - гуфт ӯ.
Путин гуфт, ки ҳафтаи гузашта дар Маскав нишасти формати машваратҳои Маскав баргузор шуд.
“Вазифаи аввалиндараҷа дар ин марҳала таъмини ташаккули ҳукумати воқеъан фарогир аст, ки ба он намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ шомил бошанд”, - гуфт Владимир Путин.
Ҳамзамон раисҷумҳури Русия аз кишварҳои узви СПАД даъват кард, ки корҳоро дар масъалаи Афғонистонро барои муайян кардани таҳдидҳо аз ин кишвар ҳамоҳанг намоянд.
Дабири кулли нави СПАД кист?
“Кишварҳои СПАД бояд фаъолияти худро дар тамоми ҷанбаҳои мушкилоти Афғонистон идома диҳанд, то таҳдидҳоро сари вақт муайян кунанд”, - гуфт Путин.
Раисиҷумҳури Русия илова кард, ки вазъи Афғонистон мушкил боқӣ мемонад ва хатари вуруди ҷангҷӯён ба қаламрави кишварҳои узви СПАД ҳанӯз вуҷуд дорад.
"Ман ба нигарониҳои ҳамтоёнам, ки дар бораи вазъи Афғонистон ҳарф мезаданд, шарик ҳастам. Албатта, мушкил боқӣ мемонад. Хатари вуруди ҷангҷӯёни созмонҳои гуногуни террористӣ ба қаламрави кишварҳои узви СПАД то ҳол бузург аст ва паҳншавии тафаккури ифротгароӣ дар миёни шаҳрвандони Осиёи Миёна ҳам ҳаст. Хатари фаъол шудани тундагароёнӣ пинҳониро низ дар минтақа афзоиш медиҳад”, гуфт Путин зимни суханронии худ дар нишасти СПАД.