ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Аз ҷумла Никол Пашинян, сарвазири Арманистон низоъ вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонуро нокомии аслии раёсати ин кишвар дар СПАД арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи вай, узвияти Арманистон дар СПАД Озарбойҷонро аз таҷовуз алайҳи он бознадошт.
Нахуствазири Арманистон дар ифтитоҳи нишасти СПАД гуфт, дар давоми сол ин кишвар се маротиба аз ҷониби Боку мавриди таҷовуз қарор гирифт.
Ва то имрӯз имкон набуд, ки СПАД вокуниш нишон диҳад, ки ба обрӯи созмон латма мезанад.
Ҳамзамон, ӯ қайд кард, ки СПАД ба ҳаводиси Қазоқистон бомуваффақият вокуниш нишон дод, масъала дар як шаб ҳал шуд.
Бояд қайд кард, ки аз соли 2023 барои се соли оянда ваколатҳои дабири кулли СПАД ба намояндаи Қазоқистон Имангалӣ Тасмағамбетов мегузарад.
“Аз аввали соли 2023, дар се соли оянда вазифаи дабири кулли СПАД-ро намояндаи Қазоқистон Имангалӣ Нургалиевич Тасмағамбетов иҷро хоҳад кард, фикр мекунам, мувофиқ дониста мешавад, агар Қосим-Ҷомарт Кемелевич (раиси ҷумҳури Қазоқистон Тоқаев) ӯро ба мо муаррифӣ кунад", - гуфт Пашинян.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир вазифаи дабири куллии СПАД-ро намояндаи Русия Станислав Зас иҷро мекунад.
СПАД соли 1992 таъсис ёфта, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви он ҳастанд.