ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Армадҳу Судан, намояндаи Ҳинд дар СММ дар нишасти шӯрои амнияти созмони милал, ки барои Афғонистон баргузор шуд, гуфт ҳукумати фарогир барои таъмини саботи пойдору тавсеаи иқтисодии Афғонистон зарур аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Нишасти ғайрирасмии шӯрои амнияти Созмони милал дар бораи Афғонистон ба ибтикори Русия баргузор шуд.
Оқои Судан дар ин нишаст сулҳ ва амният дар Афғонистонро як амри ҳаётӣ хонд ва аз ҳамаи кишварҳо хост ба таври ҷамъӣ барои таҳаққуқи он талош кунанд.
Армадҳу Судан бо ишора ба пружаҳои Ҳинд дар Афғонистон гуфт, ки бо чирагии гуруҳи толибони кори ин пружаҳо ба далоил мухталиф мутавақи шудаанд.
Бо ин ҳол, ин дипломат ҳиндӣ гуфт, ки бо тағйири низоми сиёсӣ ва кунд шудани пружаҳо ба далоили мухталиф таъаҳҳуди ҳинд барои кумак ба мардуми Афғонистони тағйир нопазир аст ва ба ҳамин хотир Ҳинд пас аз чирагии гурӯҳи толибон ба Афғонистон 50 ҳазор тонн гандум сад ҳазор вояи воксини корона ва даҳҳо тани даво ва васоили беҳдоштӣ кумак кардааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки гурӯҳи толибон пас аз чирагии дуборашон бар Афғонистон ҳукумати муваққати так қавмӣ ташкил дода ва забони порсиро аз идораҳову лавҳаҳои донишгоҳҳоу дигар идораҳо бардоштаасту бештари номаҳои расмӣ ҳам ба забони паштӯ навишта мешавад.