Эрдуғон Амрикоро ба мусаллаҳ кардани ҷангҷӯёни курд дар Сурия муттаҳам кард

Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Амрико ҳушдор дод, ки дар сурати зарурат онҳо маҷбур мешаванд, ки "интиқом" гиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон кишвардори Туркия гуфт, ки дар солҳои ахир Вашингтон ҳазорон мошини борбарро барои ҷангҷӯёни курд дар Сурия бо лавозимоти ҷангӣ таъмин кардааст, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба Анадолу.
"Мо аз он андӯҳгинем, ки муттаҳиди Туркия дар НАТО дар солҳои ахир ҳазорон мошини боркаш лавозимоти ҷангӣ ва аслиҳаро дар манотиқи Сурия, ки террористон дар он ҷо фаъолият мекунанд, ҷойгир кардааст", - афзудааст Эрдуғон.
Ба таъкиди ӯ, ин кор аз замони роҳбарии Барак Обама идома дошта, дар дари Доналд Трамп ҳам ҷой дошту ҳоло Ҷо Байден онро идома медиҳад.
Анқара ба Вашингтон аз нигаронии худ бобати масъалаи Сурия гуфт.
"Ман шахсан дар суҳбат бо Обама, Трамп ва Байден ин масъаларо матраҳ карда, гуфтам, ки агар мо иттифоқчӣ ва шарики НАТО бошем, пас мо бояд бидонем, ки пуштибонии амрикоиҳо ба террористон дар Сурия ба марзҳои ҷанубии Туркия таҳдид мекунад. Мо маҷбур хоҳем шуд, ки ба амалҳои ҷавобӣ кор кунем”, - таъкид кард Эрдуғон.
Ба гуфтаи вай, ҷониби Амрико ба Анқара ҳеҷ ҷавобе надорад.
Туркия тасаллияти сафорати ИМА-ро қабул накард
"Мо ҳамон тавре ки амнияти миллии Туркия тақозо кардааст, амал хоҳем кард. Ҳеҷ гузаште нахоҳем дошт! Зеро ҳар гуна тағйирот дар мавқеъ барои кишвари мо бо мушкилоте печида аст", - итминон дод Эрдуғон.
Қаблан вазорати дифои Туркия аз оғози амалиёти ҳавоӣ алайҳи сохторҳои курд дар шимоли Сурия ва Ироқ хабар дода буд. Ба гуфтаи ин ниҳод, террористон қаламравҳои шимолии ин кишварҳоро ҳамчун пойгоҳ барои ҳамла ба Туркия истифода мекунанд.
Сабаби ин амалиёт ҳамлаи террористии рӯзи 13 ноябр дар Истамбул будааст. Дар таркиш дар кӯчаи Истиқлол 6 нафар кушта, беш аз 80 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Гумонбари ин ҳодиса, ки боздошт шуд, иқрор намуд, ки бо Ҳизби Коргарии Курдистон иртибот доштааст.
Вазорати корҳои дохилии Туркия изҳор дошт, ки фармони анҷоми ҳамла аз Сурия гирифта шуда, ҷинояткор тавассути Африни Сурия вориди кишвар шудааст.