Занги Раҳмон ба Тоқаев: аз шодбошӣ то даъват ба сафари расмӣ

Зимни суҳбат натиҷаи пешакии интихоботи президентӣ дар Қазоқистон баррасӣ гардида, ба раисҷумҳури тозаинтихоб таманнои комёбиҳо баён шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қазоқаш, Қосим-Ҷомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом дода, аз натиҷаҳои пешакии интихоботи президентӣ дар Қазоқистон гуфтаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Тоқаевро ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба мақоми президенти Қазоқистон шодбош гуфта, дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои беназир ба нафъи рушди устувор ва шукуфоии Қазоқистони дӯст орзу намудаст.
Роҳбарон ҳамчунин дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ намуда, алоқамандии тарафайн барои таҳкими минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибот мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду мардуми ба ҳам бародарро баён доштаанд.
Вакили тоҷик интихоботи ғайринавбатии президентиро баҳо дод
"Мувофиқа ба даст омад, ки ҷонибҳо якҷоя ҷиҳати омодагирӣ ба таҷлили 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки ба аввали моҳи январи соли оянда рост меояд, чораҷӯӣ менамоянд", - омадааст дар иттилоия.
Дар баробари ин президенти Қазоқистон аз ҳамтои тоҷикаш даъват намудаст, ки сафари ҷавобии расмиро дар вақти барояш муносиб анҷом диҳад.
Эмомалӣ Раҳмон низ дар навбати худ Тоқаевро барои боздид аз Тоҷикистон даъват намудаст. Муҳлатҳои сафарҳо бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа мешаванд, илова намуд дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Маврид ба зикр аст, ки интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Қазоқистон 20 ноябр баргузор шуда, бар асоси натиҷаҳои аввалия раисҷумҳури феълӣ бо дарёфти зиёда за 80%-и оро пирӯзи интихобот гардидаст.