Сиёсати "дарҳои боз": Раҳмон ба сафирон аз Африқо, Аврупо ва Амрикою Украина чӣ гуфт?

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни баргузории ду маросими эътимодномасупорӣ дар Қасри Миллат эътимодномаҳои 12 сафири навтаъйини хориҷиро қабул кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар як маросими эътимодномасупорӣ дар Қасри Миллат нахуст сафирони 6 кишвар, аз ҷумла Русия иштирок доштаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар баробари сафири нави Русия Семён Григорев, ҳамчунин сафирони навтаъйини Куба - Оскар Сантана Леон, Мексика - Гилермо Алехандро Пуэнте, Аргентина - Леополдо Франисико Саорес, Чад - Маҳамуд Адам Башир ва Гана Эрик Овусу-Боатенг, эътимодномаҳоро супурданд.
Дар идома ҳамчунин эътимодномаҳои 6 сафири дигар, аз Украина Валерий Евдокимов, Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис, Латвия Рейнис Трокша, Шветсия Томас Данестад, Финляндия Илка Райсанен ва Юнон хонум Екатерина Насика қабул карда шудаанд.
Барори кор хост: Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи сафири нави Русияро қабул кард
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаст, ки Тоҷикистон тайи давраи соҳибистиқлолӣ дар асоси сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи "дарҳои кушода" бо кишварҳои минтақаҳои мухталифи олам робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманди фарогирро роҳандозӣ намуда, густариш медиҳад.
Вай зимни суханронӣ оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои олам андешаронӣ карда, омодагии Тоҷикистонро барои таҳкими ҳамкориҳо баён доштаст.
Президенти Тоҷикистон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барори кору комёбӣ орзу намуда, омодагии ҳукумати Тоҷикистонро барои мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид кардаст.