Эрдуғон амалиёт дар Сурия ва Ироқро муваффақона хонд

Нерӯҳои ҳавоии Туркия дар масофаи то 140 километр ба самти шимоли Ироқ ва ҳудуди 20 километр ба умқи Сурия ҳамлаҳоро ба анҷом расондаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Амалиёти нерӯҳои ҳавоии Туркия дар шимоли Ироқ ва Сурия бо муваффақият анҷом дода шуданд. Дар ин бора раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни суҳбат бо хабарнигорон изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, дар амалиёти ҳавоӣ ҳудуди 70 ҳавопаймои ҷангӣ ва ёрирасон ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ширкат карданд.
"Дар ҷараёни амалиёт 89 ҳадаф, ки аз паноҳгоҳҳо, бункерҳо, ғорҳо, нақбҳо, анборҳои лавозимоти ҷангӣ, ба истилоҳ ситод ва лагерҳои таълимии террористҳо иборатанд, бомуваффақият нобуд карда шуданд, ки ба амнияти кишвари мо таҳдид доштанд", - гуфт ӯ.
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Эрдуғон ва мардуми Туркия
Раисҷумҳури Туркия тавзеҳ дод, ки дар пайи ин амалиёт 45 ҳадафи террористӣ дар умқи 140 километр дар шимоли Ироқ ва 44 ҳадаф дар умқи то 20 километр дар Сурия бо зарбаҳои дорои дақиқияти баланд нобуд карда шуданд.
"Дар ҳоле ки амалиёт ҷараён дошт, ман бо вазири дифоъ Ҳулуси Акар соати 4-и субҳ вохӯрдам ва ӯ ба ман дар бораи вазъи ахир нақл кард. Ҳамин тариқ, мо шабро бо як амалиёти муваффақ анҷом додем", - илова намуд Эрдуғон.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Туркия ба манотиқи курднишини Сурия ва Ироқ ҳамла карда, дар доираи амалиёт зери унвони "Ҷанг-шамшер" аз ҷумла, дар шаҳри Кубониро мавриди зарба қарор додаст.
Анқара бовар дорад, ки фармони анҷоми таркиш дар Истанбул маҳз аз ҳамон ҷо будааст, аммо ҷониби дигар мегӯяд, ки дар ин кор даст надошт.