Барори кор хост: Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи сафири нави Русияро қабул кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳою татбиқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда таъкид намуда, ба сафири навтаъйин барори кор хостааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Сафири навтаъйини Русия дар Душанбе, Семён Григорев ба раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома ва паёму дуруди роҳбарияти кишвари хешро тақдим кардаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, маросими эътимодномасупории сафирони нав дар Қасри Миллат баргузор шуд.
Дар маросим Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди муносиботи гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Федератсияи Русия андешаронӣ карда, изҳори умед намудаст, ки бо талоши сафири нав робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ боз ҳам таҳким меёбанд.
Ҳамчунин омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба баён дошта шудаст.
Сафири Русия: Дар Тоҷикистон Русияро дӯст медоранд, дар ин ҷо русбадбинӣ нест
Эмомалӣ Раҳмон ба сафири навтаъйин ба муносибати оғози фаъолияташ барори кору комёбӣ орзу намуда, омодагии ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиаш махсус таъкид кардаст.
Маврид ба зикр аст, ки фармони таъйини Григорев ба мақоми сафир дар Тоҷикистон ва барканории Игор Лякин-Фроловро аз ин вазифа, раисҷумҳури Русия, Владимир Путин моҳи августи соли равон имзо карда буд.
Бар асоси ҳолнома, Григорев соли 1960 дар Маскав таваллуд шуда, забонҳои форсӣ, пашту ва англисиро балад аст.
Сафири навтаъйин хатмкардаи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав буда, қаблан низ ҳамчун мушовири сиёсии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон кор кардааст.
Ҳамчунин ӯ дар вазифаҳои мушовири сафорати Русия дар Афғонистону Эрон низ фаъолият доштааст.