ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Кӯлоб бо соҳибкорону сокинони дигари шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондаанд.
Аз ҷумла дар бозори "Саховат"-и шаҳр барои огаҳӣ ёфтан аз чораҳои пешгирӣ аз сӯхтор, роҳҳои барои мошини оташнишонӣ муайянгардида мавриди санҷиш қарор гирифтаанд, хабар дод "Ховар".
"Мутаассифона, аксари соҳибкорон ба қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор риоя накарда, роҳи назди нуқтаҳои савдоро банд кардаанд, ки ин ба ҳаракати нақлиёт монеа эҷод мекунад", - изҳор доштаст масъули оташнишонӣ, Назаршо Қурбонов.
Вай афзудаст, ки дар вақти ҳаракат дар байни бозор монеаҳо бартараф карда шуда, ба соҳибкорон огоҳӣ дода шуд.
"Фақат дар як самти ҳаракат мошини сӯхторнишонӣ масофаи 135 метрро дар муддати 27 дақиқа тай кард, ки дар ҳолати сар задани сӯхтор дар дохили бозор онҳо наметавонанд сари вақт ба ҷои ҳодиса расанд", - таъкид намудаст ӯ.
Ба гуфти кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ин ҳолат дар бозорҳои хусусӣ бештар ба назар мерасад.
"Инчунин ҷойҳои махсус, ки дар онҳо ҷумакҳои об барои сӯхторнишонӣ ҷойгир шудаанд, аз ҷониби соҳибкорон ғасб карда шудаанд. Ҳамин гуна корҳои пешгирӣ аз сӯхтор дар чанд деҳа ва Ҷамоати деҳоти "Зиракӣ" гузаронида шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Зикр гардидаст, ки дар деҳот сокинон бештар дар самти захираи хӯроки чорво ва маводи сӯхт беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд.
Таъкид шудааст, ки кормандони хадамот дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бехавф гардонидани иншоот ва молу мулк ба сокинон кумак расониданд.