ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Хароҷоти Тоҷикистон аз буҷети давлат дар соли 2025 ҳудуди 45 млрд сомонӣ пешбинӣ шудаанд, ки дар муқоиса бо ҳаҷми даромад қариб 1 млрд сомонӣ зиёд аст.
Бар асоси тарҳи тасдиқкардаи ҳукумат, дурнамои даромади буҷа дар соли 2025 зиёда аз 43 млрду 994 млн сомонӣ дар назар аст. Касри буҷа 977 млн сомонӣ дар нақша аст.
Ҳамчунин нишондодҳои харҷу дахли соли 2024 низ таъйид шудаанд, ки даромад ба 41.1 млрд сомонӣ ва хароҷот ба 41,8 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар ҳамин ҳол қаблан тарҳи буҷаи соли 2023 низ ба парлумон пешниҳод гардид, бар асоси он даромади давлат соли оянда ҳудуди 37,1 млрд сомонӣ дар назар аст.
Бар асоси ин тарҳ, даромади буҷаи давлат дар соли оянда аз соли ҷорӣ ҳудуди 12,3% ва ё 4,1 млрд сомонӣ бештар мебошад.
Дар ҳамин ҳол қисмати хароҷоти буҷаи давлатӣ 38,1 млрд сомониро ташкил додаст, ки нисбати даромади пешбинишуда ҳудуди 1 млрд сомонӣ зиёд аст. Хароҷот дар соли оянда дар муқоиса бо соли ҷорӣ 13% ё ҳудуди 4,5 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки тарҳи буҷаи соли оянда барои татбиқи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеӣ ва инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур додаст, ки уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ аз буҷети давлатӣ сари вақт ва пурра таъмин карда шавад.