ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ҳавои ВМКБ борониву барфӣ аст, мегӯяд Оҷонсии обуҳавошиносӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ғарби вилоят рӯзона 2-7 дараҷа гарм, вале шабона то 1-6 дараҷа ҳаво сард мешавад. Дар шарқи вилоят рӯзона 1-6 ва шабона 12-17 ва дар баъзе минтақаҳо то 19-24 дараҷа хунук шудани ҳаво пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва дар водиҳо асосан бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ дар баъзе ҳолатҳо борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон низ чунин вазъи ҳаво дар назар аст. Рӯзона ҳаво то 12-17 ва шабона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво шабона абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони бошиддат ба амал меод. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-7 ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.