ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Намояндагони шаш корхонаи вилояти Самара ахиран вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд, итттилоъ додааст Намояндагии савдои Русия дар Тоҷикистон.
“Зимни сафари тиҷоратӣ соҳибкорони Самара аз якчанд корхонаҳои шаҳри Душанбе дидан карда, бо намояндагони вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вохӯриҳои корӣ баргузор мекунанд”, — гуфта шудааст дар хабари ТАСС.
Ба ин ҳайат намояндагони шаш корхонаи вилояти Самара аз қиболи “Поволжские корма”, ПКК “ВЕСНА”, “КФ СЛАСТИ”, “Холдинг “Амар Групп”, “Пегас-Агро” ва “АНТЕНМЕД” шомил мебошад.
Ин шаш корхона ба истеҳсоли орд, моддаҳои фаъоли сатҳӣ, стерилизаторҳо, нармафзор, мошинҳо барои бахши кишоварзӣ, маҳсулоти қаннодӣ, лавозимоти тиббӣ ва ғайра машғуланд.
Ба иттилои намояндаи савдо, дар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Тоҷикистон 67 ширкати Россия иштирок доранд. Дар нуҳ моҳи соли 2022 ҳаҷми муомилоти тиҷоратии вилояти Самара, ки миёни минтақаҳои Россия дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мақоми ҳаштумро ишғол мекунад, 11,6 миллион долларро ташкил додааст.