Болоравии нархи патент боз дар як минтақаи дигари Русия

Бар асоси қарори мақомоти маҳаллӣ арзиши дарёфти муҷаввизи кор барои муҳоҷирони корӣ дар Бошқирдистон дар соли 2023 афзоиш хоҳад ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Қимати патент барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Бошқирдистон боло меравад, хабар медиҳад "Коммерсант".
Ба иттилои манбаъ, вакилони Маҷлиси давлатии Бошқирдистон аллакай ба қонун "Дар бораи муқаррар намудани шохисе, ки хусусияти минтақавии бозори меҳнатро инъикос мекунад" тағйирот ворид карданд, ки бар ба арзиши патент барои муҳоҷирон дахл дорад.
Тибқи тағйирот, нархи патент дар соли 2023 аз 4,4 ҳазор рубл ба 4,7 ҳазор рубл афзоиш хоҳад ёфт.
Ба гуфтаи муовини вазири оила, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, Олга Кабанова ин иқдом "ҳифзи шаҳрвандони Русия дар бозори меҳнат бо аз байн бурдани имкони истифодаи нерӯи кории арзонтарро таъмин мекунад”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан музофоти дигари Русия низ аз қарорашон барои боло бурдани қимати патент дар соли оянда хабар дода буданд.
Сабукӣ ба муҳоҷирон: Ҳуҷҷатҳоро дар Душанбе супору патентро дар Маскав гир
Аз ҷумла бар асоси қарори мақомоти вилояти Перм, арзиши патенти кор барои муҳоҷирон аз соли 2023 ҳудуди 15% боло рафта, аз 4,1 ҳазор рубли феълӣ то 4,7 ҳазор хоҳад расид. Ба гуфтаи масъулини вилоят, чунин тадбир даромади хазинаи вилоятро 103 млн рубл афзоиш медиҳад.
Ахиран шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин низ арзиши патентро барои муҳоҷирони корӣ дар соли 2023 тасдиқ кард. Бар асоси қарори шаҳрдорӣ, соли оянда муҳоҷиронро зарур меояд, барои патент моҳе 6,6 ҳазор рублро пардохт намоянд. Соли равон ин нишондиҳанда ба 5,9 ҳазор рубл баробар мебошад.
Нархи патент дар минтақаи маъруфи дигар миёни муҳоҷирон - шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград низ аз 4,2 то 4,4 ҳазор рубл боло бурда мешавад. Дар вилояти Самара ҳаққи патент, ки феълан ҳудуди 4,4 ҳазор рубл аст, то 5,7 ҳазор рубл боло меравад.
Маврид ба зикр аст, ки шаҳрвандони чаҳор кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Молдова ва Озарбойҷон барои кор дар Русия патент мегиранд, ки қисми зиёдашон ба шаҳру вилояти Маскав рост меояд.