ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" тибқи ҷадвал аз Санкт-Петербург ба Хуҷанд парвоз накард.
Тибқи нишондоди лавҳаи парвоз дар фурудгоҳи Пулково парвози U6 2641 бо сабабҳои номаълум натавонист соати 01:00 парвоз кунад.
Ҳамзамон як парвози дигар низ дар ин муддат лағв шуд. Ҳавопаймои U6 2642 аз Хуҷанд ба Санкт-Петербург парвоз мекунад.
Қарор аст, он соати 12:35 ба вақти Маскав вориди Русия шавад, аммо дар табло ҳамчун "ҳазфшуда" нишон дода мешавад.
Илова бар ин, маълум аст, ки рӯзи 17 ноябр дар баробари парвоз аз Тоҷикистон 3 парвози дигар дар Пулково лағв шудааст.
Сетои он барои шаб, яки дигар барои шом пешбинӣ шуда буданд. Дар байни онҳо 2 парвоз ба Миср вуҷуд дорад.
Илова бар ин, парвози ҳавопаймо ба шаҳри Ӯши Қирғизистон лағв шуд. Ин парвозро низ мебоист ширкати ҳавопаймоии Урал анҷом медод.