Дар қабристони русҳо дар Душанбе лавҳаи ёдгории ҳунарпеша ва омӯзгори маъруфи шӯравӣ Борис Бибиков, ки устоди бисёре аз ҳунарпешаҳои театр ва синамои шӯравии Русия ва Тоҷикистон шудааст, гузошта шуд.
Пас аз ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ ба маҳаллашинос Ғафур Шерматов муяссар шуд, ки қабрро дар қисмати сералафи қабристон пайдо кунад ва аз ҳисоби дӯстону наздикони рассом онро барқарор намояд.
Дар чорабинӣ ба ҷуз ҳаводорони истеъдоди ӯ, шогирдон ва дӯстон, намояндагони Россотрудничество ва роҳбарияти театрҳои бузурги пойтахт ширкат доштанд.
Борис Бибиков аз соли 1922 актёри студияи 1-уми Театри бадеии Москва ва солҳои 1934—1941 муаллими ГИТИС буд. Аз соли 1942 муаллими ВГИК буд ва дар он ҷо ба устохонаи актёрӣ роҳбарӣ мекард.
Соли 1949 ҳамроҳи Олга Пижова дар Театри марказии кӯдакона (ҳоло – РАМТ) аввалин намоиши ин театр "Дустони вай"-ро ба саҳна гузошт.
Дар байни шогирдони номдори у: Вячеслав Тихонов, Нонна Мордюкова, Майя Булгакова, Светлана Дружинина, Леонид Куравлёв, Софико Чиаурели ва бисёр дигар ҳунармандони машҳур ҳастанд.
Борис Бибиков баъди даргузашти Олга Пижова соли 1978 бо яке аз шогирдонаш Малика Ҷӯрабекова издивоҷ кард ва бо ӯ ба зодгоҳаш Душанбе рафт. Тули 4 сол дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дарс додааст.