ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Фарзандони тоҷикони муқими Тотористон ба омӯзиши алифбои забони тоҷик шурӯъ карданд, хабар медиҳад Шӯрои ҷамъиятии назди ҳукумати ҶТ.
Нахустин дарси забони тоҷикӣ, дар Хонаи дӯстии халқҳо бо ибтикори Ташкилоти ҷамъияти тоҷикони Тотористон доир гардидааст.
Хонандагони мактаби якшанбегӣ фарзандони тоҷикони муқим ва муҳоҷирони шаҳри Қазон мебошанд, ки аксари онҳо дар мактабҳои миёнаи русӣ дар синфҳои ибтидоӣ таҳсил мекунанд.
Дар доираи ин дарс ба хонандагон дар бораи Тоҷикистон, рамзҳои давлатӣ ва алифбои забони тоҷикӣ маълумот пешниҳод мешавад.
"Ҳадафи аслии ин мактаб ҳам, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи омӯзиши забони тоҷикӣ барои фарзандони тоҷикони бурунмарзӣ аст", - омадааст дар хабарнома.
Акнун фарзандони тоҷикони муқим ва муҳоҷирони шаҳри Қазон имкон доранд, рӯзҳои якшанбе соати 16:00 дар Хонаи дӯстии халқҳо забони тоҷикӣ омӯзанд.