ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Интихоби пойтахти Афғонистон ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар дидори намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ Ториқ Бахит бо вазири умӯри хориҷаи давлати Толибон Амирхон Муттақӣ дар шаҳри Кобул баррасӣ шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудей” дар истинод ба Вазорати хориҷаи давлати Толибон.
Тибқи иттилои манбаъ дар ин дидор ҷонибҳо бозгушои расмии дафтари Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Кобул, таъсиси Донишгоҳи байналмилалии исломӣ дар Афғонистон ва ҳамчунин пайгирии раванди интихоби Кобул ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом барои 2024 баррасӣ намуданд.
Ториқ Бахит дар дидор бо Амирхон Муттақӣ гуфт, бо ҳадафи иҷрои тасмимҳои нишасти фавқулодаи вазирони хориҷаи Созмони Ҳамкории Исломӣ ба Кобул сафар кардааст.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022 шаҳри Рабат пойтахти давлати Марокаш ҳамчун пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом элон шуда буд. Дар соли 2021 ин мақомро шаҳри Дуҳа сазовор шуда буд ва дар соли 2020 Шаҳри Бухоро ҳамчун пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом интихоб шуда буд.