Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди “Қасри Арбоб” боғи навро ифтитоҳ кард

Дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб” як боғи фарҳангию фароғатии ба номи “30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бунёд ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи “30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб” дар вазъияти тантанавӣ ба ифтитоҳ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Хабар дода шудааст, ки боғи мазкур тӯҳфаи арзанда ба ҷашни фархунда “30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.
Маркази фарҳангию фароғатӣ бо маблағгузории Мақомоти вилояти Суғд дар масоҳати 7 гектар дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Қасри маданияти ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаев” бунёд карда шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт: Чаро?
Корҳои сохтмону ободониро коргарону мутахассисони ширкати “Бунёди Аҷам” ва “Раҳмониён” анҷом додаанд.
Боғи фарҳангию фароғатии тозабунёд якҷоя бо Қасри таърихӣ, чойхонаи миллӣ, амфитеатр ва ҳудуди ободу мавзеи назаррабо маҷмааи таърихию муосир, макони тамошо, сайру саёҳати сокинону меҳмонони дохилию хориҷӣ гардидааст.
Дар ин боғ муҷассамаи “Рамзи 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ бо баландии 38,5 метр гузошта шудааст.