ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дар Санкт-Петербург як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон бар асари афтидани сабади хишт ба сараш, ҷон бохт, хабар медиҳад торномаи 78.ru.
Мақомоти интизомӣ гуфтаанд, ки ҳодиса дар наздикии хонаи рақами 7 дар кӯчаи Лодейнополская рух додааст.
Ҷасади шаҳрванди тоҷикистонро назди бинои истиқоматӣ, сокинони маҳаллӣ дидаанд.
Пас аз ин, шоҳидони айнӣ дар талоши наҷоти ин мард дарҳол мошини ёрии таъҷилӣ ва ҳамчунин маъмурони пулисро даъват кардаанд.
Муайян карда шуд, ки муҳоҷир коргари ёрирасон будааст ва бар асари зарбаи вазнин ба сараш, ҷон додааст.
Маълум шуд, ки сабади хишт аз баландии ошёнаи ҳаштум ба рӯи муҳоҷири тоҷик афтодааст.
Ӯ бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар ҳоли ҳозир мақомот тафтишотро идома медиҳанд.
Дар бораи ҳуввияти фавтида ва омилони эҳтимолии ҷиноят то ҳол маълумоти дигар дастрас нест.