Оғози сохтмони бинои бисёрошёна барои омӯзгорони ниёзманди хона дар Суғд

Қариби 100 омӯзгор, ки феълан ба манзили зист ниёз доранд, дар бинои бисёрошёнаи сохташаванда дар шимоли Тоҷикистон соҳиби хонаҳои замонавӣ мегарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон санги асоси бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷандро гузошт, ки барои омӯзгорон дода хоҳад шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар пай ифтитоҳои бинои нави Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат дар шаҳри Хуҷанд, санги асоси бинои нави истиқоматиро барои омӯзгорон гузошт.
"Бо бунёди бинои нави истиқоматӣ 95 нафар омӯзгорони эҳтиёҷманд ба манзили зист, соҳиби хонаҳои замонавӣ мегарданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки аз рӯи лоиҳа бино аз 9 ошёна иборат буда, масоҳати замини барои сохтмон ҷудо гардида қариб 4 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Лоиҳаи бино бо фармоиши Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳрофар” таҳия гардидааст.
Ба раисҷумҳур гузориш додаанд, ки дар ошёнаи якуми бинои нуҳқабатаи сохташаванда, маркази савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгир карда шуда, дар саҳни бино дар масоҳати 860 метри мураббаъ истгоҳи нақлиёт хоҳад шуд.
Ректори навтаъйин ба омӯзгорон дар Душанбе хона ваъда кард
Ҳамчунин дар майдони 460 метри мураббаъ, ҷойи истироҳату суҳбаткадаҳо ба истиқоматкунандагон ва майдончаи хурд барои машғул шудани кӯдакону наврасон ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар назар дошта шудааст. Бино дар заминҳои холии дар тавозуни донишгоҳ қарор дошта, сохта мешавад, омадааст дар иттилоия.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи шиносоӣ бо тарҳи сохтмони хонаи ояндаи омӯзгорон ба масъулин дастур додааст, ки онро саривақт ва бо сифати баланд ба итмом расонанд.