Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон дар оғози ҳафтаи ҷадид

Арзиши пули миллии Тоҷикистон - сомонӣ дар нисбати рубли Русия ва евро поин рафта, дар нисбат ба доллари амрикоӣ ба қиматаш зам кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Ҳафтаи ҷадид дар бозори асъори Тоҷикистон бо болоравии қурби доллар ва евро оғоз гардид.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон қурби 1 ҳазор рубл дар ҷумҳурӣ феълан 164 сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондод охири ҳафтаи гузашта 163 сомониро ташкил дод.
Дар баробари арзиши евро – 10.5272 сомонӣ муқаррар шудааст, ки дар муқоиса бо охири ҳафтаи гузашта каме боло рафтааст.
Қурби доллари амрикоӣ нисбати сомонӣ баръакс поин рафта, феълан дар сатҳи 10.2117 сомонӣ қарор дорад.
Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон, иттилоъ дода шуд, ки 1 доллари ИМА аз 10.2117 то 10.0700 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Нахустин сомониҳо дар биржаи Маскав ба фурӯш рафтанд: Дар оянда чӣ?
Нишондоди миёнаи харидуфурӯши 1 ҳазор рубли Русия дар бозори нақди Тоҷикистон то 165.5 сомонӣ арзёбӣ шудаст.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба қурби рубли Русия баланд арзёбӣ мешавад, чун садҳо ҳазор шаҳрванди ин кишвар дар муҳоҷирати корӣ дар ФР қарор доранду маошро бо рубл дастрас мекунанд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор мдеиҳад, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Ин ниҳод таъкид намудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.