ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар робита ба таркиши маргбори Истанбул барқияи тасаллӣ ирсол кардааст.
"Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиш дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истамбул боиси андуҳи амиқи мо гардид", - омадааст дар барқия.
Эмомалӣ Раҳмон таъзия ва таслияташро ба Эрдуғон, мардуми Туркия ва аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин амали террористӣ иброз намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.
Маврид ба зикр аст, ки таркиш дар кӯчаи Истиқлоли Истанбул баъди зуҳри 13 ноябр рух дод. Кӯчаи мазкур пиёдагузар буда, миёни сокинони маҳаллию сайёҳон маъруф мебошаду аксаран серодам аст.
Бар асоси иттилои охир, ки аз қавли мақомоти Туркия нашр гардид, таркиш 6 куштаю беш аз 80 маҷруҳ барҷой гузошт.
Миёни кушташудагону захмиёни таркиш дар шаҳри Истанбул шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд, иттилоъ дод Вазорати умури хориҷии ҶТ.
Вазорати умури дохилии Туркия бо такя ба иттилои пешакӣ изҳор дошт, ки иҷрокунандаи бевоситаи ин амал як зан мебошад, ки аллакай боздошт гардидааст. Дар маҷмуъ теъдоди боздоштшудагон бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят ҳудуди 20 нафар арзёбӣ мешавад.