Перм ҳам нарх патентро барои муҳоҷирон боло мебарад

Боз як вилояти дигари Русия, ки аз қабулкунандаҳои муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ маҳсуб меёбад, аз оғози соли оянда нархи патентро 15% боло мебарад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Ҳукумати вилояти Перм пешниҳоди болоравии нархи петентро ба Маҷлиси қонунгузор пешниҳод кардааст.
Бар асоси пешниҳоди мақомоти минтақа, арзиши патенти кор барои муҳоҷирон аз соли 2023 ҳудуди 15% боло рафта, аз 4,1 ҳазор рубли феълӣ то 4,7 ҳазор хоҳад расид.
Ба гуфтаи масъулини вилоят, чунин тадбир даромади хазинаи вилоятро 103 млн рубл афзоиш медиҳад.
Мақомоти Перм мегӯянд, дар 9 моҳи аввали соли 2022 даромади буҷаи вилоят аз фурӯши патент қариб 368 млн рублро ташкил додааст, ки ин нишондод дар соли 2023 ба 596 млн рубл баробар хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин арзиши патентро барои муҳоҷирони корӣ дар соли 2023 тасдиқ кард.
Муҳоҷирон патент барои фаъолият дар Русияро дигар дар Тоҷикистон мегиранд?
Бар асоси қарори шаҳрдорӣ, соли оянда муҳоҷиронро зарур меояд, барои патент моҳе 6,6 ҳазор рублро пардохт намоянд. Соли равон ин нишондиҳанда ба 5,9 ҳазор рубл дар як моҳ баробар мебошад.
Нархи патент дар минтақаи маъруфи дигар миёни муҳоҷирон - шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград низ аз 4,2 то 4,4 ҳазор рубл боло бурда мешавад. Дар вилояти Самара ҳаққи патент, ки феълан ҳудуди 4,4 ҳазор рубл аст, то 5,7 ҳазор рубл боло меравад.
Маврид ба зикр аст, ки шаҳрвандони чаҳор кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Молдова ва Озарбойҷон барои кор дар Русия патент мегиранд, ки қисми зиёдашон ба шаҳру вилояти Маскав рост меояд.