Тағйирёбанда ва бебориш: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ВМКБ то 8 дараҷа, Суғд то 12, Хатлон то 17 ва Душанбе то 15 дараҷа гарм мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Боришот дар Тоҷикистон дар назар нест, хабар медиҳад Оҷонсии обуҳавошиносӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳаво тағйирёбанда шуда, шамол дар аксар ноҳияҳо бо суръати 4-9 метр лар як сония мевазад. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар қисмати шарқии вилоят шабона 18-23 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунукӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда аст. Шамол дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6, рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои моҳи охири тирамоҳ дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шабона 2-7 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар астҲаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе низ айнан чунин ҳаво дар назар аст. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.