ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Созмони милали муттаҳид эълом кардааст, ки маҳруми сохтани занони Афғонистон аз кори қонунӣ сабаби дахил шудани онон дар корубори маводи мухаддир шудааст.
Ин гузориш, ки ба ҳадафи мушаххас шудани нақши занон дар корубори маводи мухаддир ва таъсирпазирии онон аз маводи мухаддир таҳия шуда, дар он бо нӯҳ зане гуфтугӯ шуда, ки дар бахшҳои мухталифи корубори маводи мухаддир дар Афғонистон дахил будаанд.
Ин занон ба гузоришгарони Созмони Милал Муттаҳид гуфтаанд, ки бино ба далоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар корубори маводи мухаддир дахил шудаанд аммо иллати умдаи идомаи кор дар ин бахши мушкилот молӣ будааст.
Дар ин гузориши таъкид шуда, ки бо маҳрум шудани занон аз кор дар бархе идороти расмии давлатӣ ва кори озод, онон водор хоҳанд шуд, ки барои тавили молии хонаводаашон ба корҳои бадил аз ҷумлаи корубори маводи мухаддир рӯ биоваранд.
Пас аз рӯй кор омадани толибони маҳдудиятҳо дар заминаи иштиғол, таҳсилу мусофирати занони аъмол шудааст.