ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев ба муносибати 40-солагии фаъолияти эҷодиаш ба ҳамдиёрони худ барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешкаш намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Панҷакент.
Таъкид шудааст, ки толори Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент пур аз ҳаводорону мухлисони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев буд.
Қайд карда шудааст, ки дар оғози барнома раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода Афзалшо Шодиевро бо 40-солагии фаъолияти эҷодиаш шодбош гуфта, ба ӯ номаи шодбошӣ ва тӯҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим кард.
Дар ин номаи шодбошӣ, аз ҷумла гуфта шудааст, ки Афзалшо Шодиев чун хунёгар ва ҳунарманди маъруфи кишвар барои рушди санъати тоҷик хидмати шоиста карда, тӯли фаъолияти эҷодии худ ба эҳтироми самимии мухлисон сазовор гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Афзалшо Шодиев барои рушди санъати овозхонӣ ва эҷоди оҳангҳои ҷолиб бар матни ашъори баландмазмуни шоирон дар мавзӯъҳои Истиқлоли кишвар, Ватан, Модар, муҳаббати беолоиши инсонӣ, ҳифзи сулҳу субот арҷгузорӣ намуда, бо унвони баланди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонидааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки барномаи ҳунарии Афзалшо Шодиевро, ки аз сурудҳои ҷолиб дар мавзӯъҳои муҳими рӯз мураттаб шудааст, мухлисонаш бо фараҳу шодӣ ва гулдастаҳо пазироӣ намуданд.