Раиси шаҳри Хуҷанд ба 40 бонуи ҳунарманд маблағҳои грантӣ дод

Гранти раиси шаҳри Хуҷанд барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо равона шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Ахиран раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ба 40 нафар бонувони ҳунарманд маблағҳои грантӣ дар маҷмуъ 165 ҳазор сомонӣ дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.
Таъкид шудааст соли ҷорӣ 2 нафар занҳои ҳунарманд аз шаҳри Хуҷанд соҳиби гранти Президентӣ ва 6 нафар занони ҳунарманди шаҳр барои гирифтани гранти Раиси вилоят сазовор гаштанд.
Аз “майор” то “полковник”: Маълум шуд чанд зани олирутба дар низоми пулис кор мекунад
Қайд карда шудааст, ки соли равон тибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор, ки барои фароҳам овардани ҷойҳои кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ ба тавсиб расидааст.

“Дар ин радиф 40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманду эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ соҳиби гранти Раиси шаҳр, аз чумла 5 грант дар ҳаҷми 8 ҳаз. сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5 ҳаз. сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3 ҳаз. сомонӣ гардиданд”, - таъкид кардааст шаҳрдории Хуҷанд.

Зикр карда шудааст, ки миёни ғолибони озмуни гранти раиси шаҳр занҳои кордон ва ҳунарманде ҳастанд, ки аллакай дар ин ҷода дастоварду муваффақиятҳо дошта, ният доранд, бо истифода аз маблағи Грант фаъолияти коргоҳи худро васеъ ба роҳ монда, аз 5 то 20 нафар занону духтаронро ҳунар омӯзонанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода маблағҳои грантиро дар як маросими пуршукуҳ ба 40 нафар бонувони ҳунарманд ба арзиши умумии 165 ҳазор сомонӣ тақдим кард.