Додситонӣ гуфт, ки чӣ қадар писарони мансабдорон ба артиши Тоҷикистон даъват шуданд

Дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ писарони бисёре аз кормандони додситонии вилояти Хатлон барои хидмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рафтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Писарони мансабдорону хизматчиёни давлатӣ дар даъвати тирамоҳӣ барои хидмат ба сафи артиши Тоҷикистон рафтанд, хабар медиҳад маркази матбуъотии Додситонии кулли ҷумҳурӣ.
Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ин ниҳод, аз оғози даъват 124 нафар аз фарзандони мансабдорону хизматчиёни давлатӣ ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шудаанд.
Ҳамин тариқ дар маъракаи навбатии даъват фарзандони раисони шаҳру навоҳии Файзобод, Тоҷикобод, Рашт, Бохтар ба сафи артиши кишвар пайвастаанд.
Писарони додситонҳои навоҳии Ҷалолиддини Балхӣ ва Мӯъминобод ва додситони гарнизони ҳарбии Кӯлоб низ тирамоҳи имсол даъват шудаанд.
Бе "облава" ва даъвати бештари писарони мансабдорон: Шералӣ Мирзо аз комиссарҳо чӣ хост?
Хамчунин сардори шуъбаи ҳисобот ва молияи Прокуратураи генералии кишвар низ ба артиш рафтааст..
Ин ниҳод ҳамчунин ёдовар шуд, ки як сол қабл, дар давраи даъвати тирамоҳӣ аз хонаводаҳои хизматчиёни давлатӣ тақрибан 300 нафар ва дар баҳори соли 2022 120 нафари дигар барои хидмат ба сафи артиши кишвар рафта буданд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар идома дорад. Он 1 октябр оғоз шуда, 30 ноябри соли равон ба охир мерасад.
Дар маъракаи даъвати тирамоҳии имсола ҷавонони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хидмат даъват мешаванд.