ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Пайдо намудани гази моеъ дар аксар нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ (АЗС) дар шаҳру навоҳии Суғд мушкил шудааст.
Набудани гази моеъро ҳатто тоблуи ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт бозгуй мекунанд. Тавре дида мешавад, маъруфтарин таъмингоҳҳои сӯзишвории нақлиёт дар Хуҷанд, маркази маъмурии Суғд ба мушкили фурӯши гази моеъ дучор шудаанд.
Ёқубҷон Каримов, яке аз масъулини ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби камбуди газро шарҳ дод.
Ӯ, гуфт, ки гарон шудани арзиши воридоти ин навъ маводи сӯхт сабаби камбуди он дар нуқтаҳои чаканафурӯшӣ гардидааст.
“Чанд рӯз пеш ширкатҳои яклухтфурӯши ҳар тона гази моеъро бо нархи 11,3 то 11,5 ҳазор сомонӣ ворид мекарданд, ҳоло нарх ба 12 ҳазор сомонӣ дакка задааст. Барои ширкатҳои чаканафурӯш бо ин қимат газ харида ҳар як литри онро бо нархи 6,3 ва 6,5 сомонӣ фурӯхтан зиёнбор хоҳад буд, аз ҳамин лиҳоз хариду фурӯши гази моеъ ба мушкил печидааст” – иброз намуд, Каримов.
Ин дар ҳолест, ки як ҳафтаи охир нархи гази моеъ дар таъмингоҳҳои маводи сӯхт дар Тоҷикистон якбора ба 6, 6 сомонӣ баланд шуд.
Дар моҳи октябр қимати як литр гази моеъ 5,8 ва 6 - сомонӣ буд.
Дар Тоҷикистон, ки зимнан гази табиӣ вуҷуд надорад ва бахши аъзами сокинон аз гази моеъ истифода мекунанд.
Соҳибони худравҳо (автомобил) ҳам ба далели нисбатан аз бензин арзон будан гази моеъ хариддорӣ мекунанд.
Зимнан нархи як литр бензини АИ-92 9,3 сомонӣ, АИ-95 ҳудуди 10 сомонӣ, солярка 12,3 - 12,6 сомонӣ аст. Гази моеъ, ки пайдо намуданаш душвор шудааст 6, 6 сомонӣ мебошад.
Дар Тоҷикистон маводи сӯхтро асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунанд.
Дар миёни ширкатҳое, ки дар ин самт фаъолият доранд, корхонаҳои "Фароз", "Газпром", "Сеганҷ", "Газойл", "Суғднефт", "Роҳи Сомон" ном доранд.