ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар Душанбе масъалаи рушди мактабҳое, ки дар Тоҷикистон ба забони русӣ таҳсил мекунанд баррасӣ шуд.
Ин масъала дар мулоқоти муовини вазири маорифи Русия Денис Грибов ва муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода баррасӣ гардид.
Масъулони ин идораҳои давлатӣ масъалаҳои баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорони 5 мактаби нав, инчунин ҷалби хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои русиро баррасӣ намуданд.
"Чунин вохӯриҳо барои ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таълим муҳим мебошад ва мо таҷрибаи якдигарро меомузем", - шарҳ дод Денис Грибов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2022 дар Тоҷикистон 5 мактаби русӣ ифтитоҳ ёфт. Муассисаҳои таълимӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ифтитоҳ шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи мактабҳои мазкур Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба таври фосилавӣ ширкат карданд.
Дар ҳар як мактаб 1200 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Дар ин мактабҳо дарсҳо бо забони русӣ мегузаранд ва барои таҳсили хонандаҳо аз Русия муаллимон ҷалб карда шудаанд.
Дар ин мактабҳо барнома махсуси таълими барои Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст.
Муассисахои таълимӣ ба номи каҳрамонони барҷастаи рус, ходимони илм гузошта шудаанд.