ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Шаш корхонаи Парки инноватсионию технологии Дарвоз 26 номгӯи маҳсулотро тавлид карда, зиёда за 70 сокини маҳаллиро бо ҷои кор фаро гирифтаанд.
Дар ин бора ба сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, зимни боздидаш аз парки мазкур гузориш дода шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, Расулзода аз ҷумла аз коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнашикани "Помир Аква" низ боздид карданд.
Таъкид шудаст, ки ин коргоҳ оби чашма коркард ва ба хориҷи кишвар содирот мекунад.
Дар парк ҳамчунин тавлиди кулоҳҳои сохтмонӣ, коркарди асал, бастабандии меваю сабзавот, аз қабили нӯшокии хуч, инчунин афшураи меваю сабзавот, истеҳсоли равғани ангат ба роҳ монда шудаст.
Зимни муаррифии лоиҳаҳои ҷадид ба сарвазир иттилоъ додаанд, ки минбаъд дар заминаи Парки технологӣ ‐ инноватсионӣ истеҳсоли панелҳои офтобӣ роҳандозӣ мегардад.
Дар доираи ҳамкории судманди ширкатҳои кореягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарвазири мамлакат тариқи маҷозӣ имконияти ҷорӣ кардани технологияи пешрафта дар истеҳсолот рӯнамоӣ карда шуд, омадааст дар иттилоия.
Нахуствазири Тоҷикистон аз фаъолияти корхонаҳои Парки технологӣ ‐ инноватсионӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тавлиди маҳсулоте, ки ба содирот равона карда шудаанд, даъват намуд.