Болоравии нархи тухм дар бозорҳои Тоҷикистон: Сабаб дар чист? – видео

Дар бозорҳои Суғд нархи тухми мурғ ба таври бесобиқа то беш аз 12 дарсад боло рафтааст. Соҳибкорон ва мақомот сабаби инро ба таври гуногун шарҳ медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik. Ҳоло арзиши як дона тухм ба 1, 6 ва 1, 7 сомонӣ дакка зада, як қуттии (флейка) он ба 48 ва 51 сомонӣ баробар шудааст. Дар ҳоле, ки даҳ рӯз муқаддам нарх ба 1, 3 ва 1, 5 сомонӣ ва ё як қуттии он 40 ва 45 сомонӣ буд.
Хариддорон ва ҳам худи чаканафурӯшони бозори “Панҷшанбе” и Хуҷанд чунин болоравии нархи тухмро бесобиқаю бемисл арзёбӣ мекунанд.
Гавҳар, яке аз чаканафурӯшони тухми мурғ дар бозори марказии Хуҷанд зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки се рӯз ба ин тараф нарх ба таври қобили мулоҳиза баланд мешавад, вале сабаби инро аз фермаҳои мурғпарварӣ дақиқан ба онҳо шарҳ намедиҳанд.
“Онҳое, ки ба мо тухми мурғро ба таври яклухт аз фермаҳо меоранд, дар бораи хуруҷи беморӣ ва камшавии саршумори мурғҳои тухмдиҳанда изҳор мекунанд. Ба ҳамин сабаб нархҳо баланд шудаанд” - гуфт, фурӯшандаи бозор.
Ин ҳамсӯҳбати мо таъкид кард, ки боло рафтани нархи тухм ба суръати савдо таъсири амиқи манфӣ расонидааст.
Дар ҳамин ҳол масъулони Идораи кишоварзии Суғд сабаби болоравии нархи тухмро ба гароншавии хуроки мурғ рабт медиҳанд.
Маъруф Шарифиён, сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки беш аз навад дарсади хуроки парранда кишвар аз хориҷа ворид мешавад, ки дар ин охирҳо нархи чунин маҳсулот баланд шудааст.
“Қариб 95-96% и хуроки парранда воридотӣ аст, ки аз 650 доллар барои як тонна солҳои қаблӣ ҳоло ба 1100 доллар баробар шудааст. Ин ҳама ба парвариши мурғ бетаъсир намемонад” - зикр кард, Шарифиён.
Масъули Идораи кишоварзии Суғд мегуянд, дар ҳудуди ҳудуди вилоят беш аз 130 фермаи мурғпарварӣ мавҷуд буда давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 582, 6 миллион дона тухм истеҳсол шудааст, ки ин рақам дар муоқиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 126, 3 милион дона зиёд будааст.
Аммо дар ҳамин ҳол баъзе аз соҳибкорони мурғпарвар сабаби якбора гароншавии нархи тухмро ба камшавии саршумори мурғҳои тухмдиҳанда тавзеҳ медиҳанд.
Истеҳсоли мурғ ва тухм дар Тоҷикистон ба сатҳи рекордӣ расид
Яке аз мурғпарварони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иброз намуд, ки чанде қабл хуруҷи бемории парранда мунҷар ба кушта шудани чандин ҳазор мурғҳои тухмдиҳанда гардид.
“Ин омил ба ҷузъ камшавии истеҳсоли тухм, инчунин ба худи соҳибкорон таъсири амиқи иқтисодӣ дар пай гузоштааст, зеро мурғҳо дар айни замони тухмкунӣ бар асари беморӣ кушта шуданд” - таъкид намуд, масъули яке аз фермаҳои мурғпарварӣ.