Станакзай: Қирғизистону Тоҷикистон бояд ихтилофоти худро аз роҳҳои сиёсӣ ҳал кунанд

Вазорати умури хориҷаи ҳукумати толибони Афғонистон бар ҳаллу фасли сиёсии даргириҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таъкид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Ахиран намояндаи вижаи раиси ҷумҳӯри Қирғизистон, Таалатбек Масадиков бо муовини сиёсии вазорати умӯри хориҷаи Иморати исломии Афғонистон Шермуҳаммад Аббос Станакзай дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ин бора ҳам ахиран сухангӯии вазорати умури хориҷаи ҳукумати толибон Абдулқаҳори Балхӣ, дар дар сафҳаи твиттерии худ ин иттилоъро тасдиқ кардааст.
“Дар ин дидор дар бораи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маҷмуъае дигар аз ҳамкориҳои ду кишвари баҳсу табодул назар шуд”, - таъкид кардааст оқои Балхӣ.
Толибон: Омори дақиқ аз бекорон вуҷуд надорад
Вай илова кардааст, ки оқои Станакзай бар даргириҳои ахир дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон таъкид кард, бояд аз тариқи тафоҳум ва гуфтугӯи масоили фимобайн ҳалу фасл кунанд.
Ҳамчунин, тарафи Афғонистон ба Қирғизистон аз тақвияти равобити сиёсӣ ва иқтисодии дуҷониба итминон дод ва афзуд, ки Иморати исломии Афғонистон ба ҳеҷ гурӯҳе иҷоза нахоҳад дод, ки аз хоки Афғонистони алайҳи кишвари дайгаре истифода кунад.