ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Тағироти иқлимӣ бештар аз ду миллиард доллар дар соли ҷорӣ ба Афғонистони зиён ворид кардааст, гуфт сухангӯи вазорати хориҷаи ҳукумати Абдулқаҳори Балхӣ дар як эъломияи нашркардаи худ, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
“Аз онҷое ки асароти тағйири иқлим марзҳои сиёсиро наме шиносад, лизои роҳи ҳалҳои он низ бояд мустақил аз мулоҳизот сиёсӣ бошаду кишварҳое монанди Афғонистон, ки ҳеҷ гуна саҳми манфӣ дар тағйири иқлим надоштаанд, аммо бо таъсироти манфии он дасту панҷа нарм мекунанд набояд нодида гирифта шаванд”, - афзудааст Оқои Балхӣ.
Ин дар ҳолест, ки ахиран муовини ҳамоҳангкунанда умӯри кумакҳои башарии милали муттаҳид дар Афғонистон Ромиз Алокбаров гуфт, ки мардуми ин кишвар бар партгоҳи тағироти иқлимии вайронгар истодаанд ва ҳукумати феълӣ дар Афғонистони таҳдидҳои ношӣ аз онро бояд ҷаддӣ бигирад.
Алокбаров, ки дар конфронси тағироти иқлимии 2022 Созмони Милали Муттаҳид дар Миср суҳбат мекард, афзуд, ки Афғонистон дар ҳоли ҳозири мустаъиди офоти табии мукаррар аст, ки сабаби талафоту хисороти ҷонӣ, маишат, хонаҳо ва зерсохторҳо мешавад.
Ба гуфта ин мақоми Милали Муттаҳид дар Афғонистон таҳдидоти мавҷуд тавъам бо вобастагии афғонҳо ба маишати зироатии экосистем шикананд тахриби ҳод муҳит зист, тавсеаи заифи иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва таъси беш аз чаҳор даҳаи ҷанг, пояу асоси осебпазирии шадиди иқлимиро дар ин кишвар эҷод кардааст.