ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Вазорати иттилооти Эрон ҷузъиёти ҳамлаи террористӣ ба зиёратгоҳи Шоҳчароғро расонаӣ кард, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамаи 26 нафар, ки дар терроризм гумонбар дониста мешаванд, боздошт шудаанд.
Ба иттилои манбаъ ҳамаи ин нафар дар ҳамлаи террористӣ ба оромгоҳи Шоҳ Чароғи Эрон даст доштанд ва онҳо шаҳрвандони киҳварҳои хориҷӣ ҳастанд.
“Силсилаи тафтишот ва амалиёт боиси муайян ва боздошти ҳамаи нафароне гардид, ки ин амали террористиро роҳбарӣ ва дастгирӣ мекарданд. Илова бар ин, як қатор нафарони дигар, ки барои амалиёти мушобеҳ вориди кишвар шуда буданд, боздошт шуданд. Ҳамин тариқ, то имрӯз 26 террористи такфирӣ боздошт шудааст”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Бар асоси ин баёния, боздоштшудаҳо шаҳрвандони Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Афғонистонро мебошанд.
Ҳамоҳангсози асосии амалиёт дар Эрон шаҳрванди Озарбойҷон будааст, ки аз фурудгоҳи байналмилалии Ҳайдар Алиеви Боку парвоз карда, тариқи фурудгоҳи Имом Хумайнӣ вориди Теҳрон шудааст.
Дар ин баёния омадааст, ки нафари ёрирасони амалиёт дар Шероз як афғон бо лақаби "Абу Басир" ва тирандоз дар зиёратгоҳи Шоҳчароғ шаҳрванди Тоҷикистон бо тахаллуси "Абу Оиша”, будааст.
Ин террористҳо дар вилоятҳои Форс, Теҳрон, Албурз, Кирмон, Қум ва Хуросону Разавӣ боздошт шудаанд.
“Бархе аз онҳо низ ҳангоми фирор дар марзҳои шарқии кишвар боздошт шудаанд”, - иттилоъ додааст мақомоти Эрон.
Вазорати иттилоот дар поёни баёния таъкид мекунад, ки пажуҳишҳои ҳамаҷонибаи иктишофӣ ва фаннии шабонарӯзӣ то замони ошкор ва муҷозот шудани охирин террористи такфирист, ки дар фоҷеаи Шоҳ Чароғ даст доранд, новобаста аз он ки ӯ дар дохил ва ё берун аз кишвар аст, идома хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки афроди ношинос дар назди оромгоҳи машҳури бостонии Шоҳчароғ дар Шерози Эрон ҳамлаи террористӣ анҷом доданд: ҳангоми тирандозӣ дар оромгоҳ 15 нафар кушта шуд.