ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон абрнок дар назар буда, дар навоҳии алоҳида борону барфрезӣ мешавад, иттилоъ дод Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.
Суғдро низ ҳавои абрнок фаро гирифта, дар водиҳо баъзан борон ва дар куҳҳо барфрезӣ ба амал омада, дар бархе навоҳӣ тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм дар назар аст.
Дар Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, баъзан борону тормеғ сурат мегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар водиҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ баъзан борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+ 5 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм дар назар аст.
Шаҳри Душанберо ҳавои абрнок фаро гирифта, борон дар назар аст. Ҳарорат шабона 8+10 дараҷа гарм ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.