Лоиҳаи қонуни навиштаи Рустами Эмомалӣ қабул шуд: дӯст доштани Ватанро ёд медиҳанд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонунеро, ки аз ҷониби роҳбари Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ таҳия ва пешниҳод шудааст, қабул кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Лоиҳаи қонуни "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пазируфта шуд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, Дилшод Раҳмон зимни тавзеҳи тарҳи қонун гуфт, он аз тарафи раиси Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст, хабар дод нашрияи "Садои мардум".
Вай қабули қонуни мазкурро тақозои замон хонд. Махсусан дар шароити зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ, бегонапарастӣ, дахолати неруҳои бадхоҳ ба корҳои дохилии кишварҳои ҷаҳон, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, беш аз пеш муассир мебошад, афзуд ӯ.
Дилшод Раҳмон вусъат бахшидани кори тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва танзими ҳуқуқии онро саривақтӣ арзёбӣ кард.
Раҳмон вазифаҳои асосии ҷавононро гуфт
Таъкид гардид, ки қонуни мазкур, масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар рушду инкишофи кишвар, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ баланд мебардорад.
"Инчунин, барои ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии самти тарбияи ватандӯстӣ, ­ҷанба­­ҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бахусус дар байни наврасону ҷавонон, имкониятҳои нав ба вуҷуд меорад", - илова намуд ӯ.
Ҳадафи қонун, танзими ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, муайян кардани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа, субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тақсимоти вазифаҳо дар байни мақомот, ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва муайянсозандаи масъулияти онҳо арзёбӣ гардид.