ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Фармондеҳии Украина маълумот дар бораи сарбозони ҳалокшударо ба хотири напардохтани ҷуброн ба оилаҳои онҳо пинҳон мекунад.
Ин нуктаро сарбози бригадаи ҳамлагари 25-уми артиши Украина, Александр Барлян, ки ҳоло дар ҷумҳурии халқии Луганск ба асорат афтодааст, баён дошт.
Вай изҳор дошт, ки дар бисёри ҳолатҳо ҳалокшудаю асирафтодаҳоро ҳамчун бедаракшудаҳо эълон мекунанд.
"Ман ҳолатҳоеро медонам, ки исбот кардан душвор аст, ки шумо дар амалиёти ҷангӣ ғайб задаед ва ё аз қисми ҳарбӣ берун шуда, бедарак гардидед. Дар сурати гум шуданатон ҷубронпулӣ пардохт намешавад", - изҳор дошт низомӣ.
Вай афзуд, ҳатто дар ҳолатҳои дафни расмӣ низ гирифтани ҷубронпулӣ тақрибан ғайриимкон мебошад. Талафот калон аст ва пул барои ҳама намерасад, тавзеҳ дод сарбоз.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи қонунгузории Украина, давлат бояд барои марги як хизматчии ҳарбӣ бояд 15 млн гривна пардохт кунад, ки дар амал иҷро намегардад.
"Ин ҳам барои сарбози одӣ не, балки капитан ва ё майоре мешавад, ки тасодуфан ҳалок шудааст. Чунин бузургҳо бо силоҳ дар ботлоқу саҳро намедаванд, балки дар хатти 22-юми дифоъ 50 километр дуртар нишастаанд", - нақл кард ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврал дар Украина амалиёти низомӣ мебарад. Раисҷумҳур Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Ба гуфтаи президент, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.