ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Ҳавопаймои мусофиркаш дар Танзания дар кули Виктория суқут карда, феълан дар макони ҳодиса амалиёти наҷотдиҳӣ идома дорад.
Ҳавопаймо, ки ба ширкати "Precision Air", бузургтарин ширкати хусусии ҳавоии Танзания тааллуқ дорад, ҳангоми фуруд дар шаҳри Букоба суқут кардааст, хабар дод "Tanzania Business Insight".
Ба иттилои расонаҳои маҳалллӣ, ин ҳавопаймо аз шаҳри Доруссалом парвооз кардааст.
Таъкид шудаст, ки дар ҳангоми фуруди ҳавопаймо дар майдони ҳавоии Букоба шамоли сахт ҳукмфармо будаст.
Манобеи маҳаллӣ мегӯянд, то ҳол 26 нафар аз сарнишинҳо наҷот дода шуда, амалиёти наҷотдиҳӣ идома дорад.
Рисиҷумҳури Танзания Самия Сулуҳу Ҳасан дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор доштааст, ки вазъиятро пайгирӣ дорад.
Дар навбати худ, сардори полиси маҳаллӣ Вилям Мвампагале хабар додаст, ки "бештар одамон аллакай наҷот ёфтаанд".
Тавзеҳ дода шудаст, ки ҳавопаймо ҳангоми дар баландии 100 метр қарор доштан, ба ҳолати садамавӣ дучор гардида, бо нӯгаш ба ба кӯл сарозер шудаст.
Бар асоси навору аксҳои нашршуда аз ҷои ҳодиса, ҳавопаймо пурра ба об нарафта, қисме аз он дар болои об мондаст.