Сокинони вилояти Хатлону Дарвозро боронгариҳои шадид интизор аст

Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон сокинони вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз боронгариҳои шадид хабар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Аз 5 то 8 ноябр дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози ВМКБ хавфи ба амал омадани бориши боронҳои шадид дар назар аст.
Дар ин бора Оҷонсии обуҳавошиносӣ дар мамлакат хабар дод. Ин ниҳод ҳавои ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро ноустувор ва боронӣ пешгӯӣ намудааст.
Гуфта мешавад, ҳоло дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-4 ва рӯзона 4-9дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои моҳи охири тирамоҳ дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд
Дар вилояти Суғд борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳ борони бошиддат ба амал меояд. Шамол дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ шабона 6-11 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Душанбе ҳавои абрнок шуда, шабона борон, дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат меборад. Рӯзона ҳавои асосан бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 10-11 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.