Додситони ВМКБ Парвиз Орифзода дар бораи сӯиқасд ба ҷони худ гуфт

Додситони ВМКБ дар ҷаласаи назди раиси вилоят дар боари сӯиқасд ба ҷонаш хабар доду аз роҳандозии тарзи нави корҳои фаҳмондадиҳи миёни мардум таъкид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Ахиран додситони ВМКБ дар ҷаласаи Комиссия дар бораи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дар бораи суиқасд ба ҷонаш хабар додааст
Ӯ зимни ироаи гузориш дар ҷаласаи назди раиси вилоят дар ин бора ахборот додааст, вале ҷузъиёти ин сӯиқасдро хадамоти матбуотии раиси вилоят ошкор накардааст.
Додситони вилоят, зикр кардаст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро бо тарзи нав роҳандозӣ намудан лозим аст.
Ваъдаи Мирзонабот: Ҷиноятсодиркунии ноболиғон дар Бадахшон пурра аз байн бурда мешавад
Ӯ ҳамчунин, дар мавриди амалишавии қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” маълумот дода гуфааст, ки қонуни мазкур моро водор месозад, ки нисбати таълиму тарбияи фарзанд уҳдадориҳои худро дучанд зиёд намоем.
Дар ҳамин ҳол дар ин ҷаласа иттилоъ дода шудааст, ки дар вилоят давоми нӯҳ моҳи соли равон 6 ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шуда, дар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати 312 нафар волидон ба маблағи беш аз 30 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.