Беқурбшавии доллар, евро ва рубл дар бозори арзи Тоҷикистон

Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби пули миллӣ устувор шудааст. Рубл, евро ва доллар дар бозор ҷараёни поинравиро нишон додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард. Қурби рубли русӣ давоми як шабонарӯз 1 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 162 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 163 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори аврупоӣ ҳам поин рафтааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 9.9677 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 10.1075 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Ҳамчунин вазъ бо пули амрикоӣ низ мушоҳида шудааст. Қурби ин асъори хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон дар хариду фурӯш бештар истифода мешавад, дар бозори арзи кишвар андаке поин рафтааст. Ҳоло дар кишвар бар ивази як доллар 10.2139 сомонӣ медиҳанд.
Иқтисоддон сарнавишти доллар ва сомонӣ дар биржаи Маскавро пешгӯӣ кард
Бояд гуфт ки як рӯз пеш қурби доллар дар бозор 10.2145 сомониро ташкил медод.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 158 сомонӣ ва зимни фурӯш 165 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 161 ва дар фурӯш 163,5 сомонӣ муайян намудааст. Дар "Алифбонк" бошад, 1000 рублро 162 ва 163,5 сомонӣ харидуфурӯш мекунад.
Дар "Спитаменбонк" низ, 1000 рубл зимни харид 154 ва ҳангоми фурӯш 163,5 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.