Зарурати афзоиши интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия баррасӣ шуд

Душанбеву Маскав масъалаи афзоиши интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои Русияро баррасӣ намуда онро дар шароити кунунӣ ниҳоят зарур шумурданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Маскав мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода бо Муовини Раиси Ҳукумати Русия Алексей Оверчук баргузор шуд, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Русия, ҳамкорӣ дар соҳаи рушди рақамӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ барои беҳтар намудани сифати зиндагӣ ва шароити тиҷорат, инчунин дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор карданд.
Дар ин дидор қайд гшудааст, ки дар 9 моҳи соли равон гардиши мол миёни кишварҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи назаррас афзоиш ёфтааст.
Маълум шуд, ки пули додаи Русия ба Тоҷикистон барои чӣ масраф шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода зимни ин дидор ҳамчунин дар бораи зарурати афзоиши интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба Русияро таъкид кард.
Гуфта шудааст, ки ҷонибҳо нақши муҳими Комиссияи дарпешистодаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русияро дар таҳкими равобити дуҷониба дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ қайд карданд.