Тоқаев иштироккунандагони ҳодисаҳои январро афв кард

Раисҷумҳури Қазоқистон қонун дар бораи афвро имзо кард. Ҳамин тавр иштироккунандагони ҳодисаҳои моҳи январ аз зиндон озод хоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3ноя — Sputnik. Ахиран Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев қонун дар бораи авфро имзо кард, иттилоъ додааст сомонаи informburo.kz.
Имзои ин қонун маънои онро дорад, шаҳрвандоне, ки “зери таъсири иғвогарон афтода будан ва дар бетартибиҳое аз 4 январ то 7 январи соли 2022 амалҳои ҷиноӣ содир кардаанд” ҷазо дода намешаванд.
Афв ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомиёне рабт дорад, ки дар ҳодисаҳои моҳи январ амалҳои ғайриқонуниро саркӯб карданду ҳамзамон худашон ҷиноятҳои ҷиноӣ содир кардаанд.
Қобили зикр аст, ки тибқи қонун танҳо як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афв хоҳад шуд, дар ҳоле, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои моҳи январ алайҳи кормандони милитсия ва сохторҳои қудратӣ 49 парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд (аз ҷумла, онҳое, ки дар шиканҷа даст доштанд авф намешавад).
Аз Қазоқистон то Тоҷикистон: Ӯзбекистон қатори хоси сайёҳиро ба роҳ баровард
Парвандаи ҷиноӣ нисбати нафароне, ки дар бетартибиҳо иштирок доштанд, ҷиноятҳои ҷиноӣ содир карданд ва ҷиноятҳои начандон вазнин ва миёна содир кардаанд, қатъ карда мешаванд. Ин шахсон ҷазо намегиранд, ҳамзамон нафароне, ки ҷазоро адо кардаанд, дигар маҳкумшуда хисобида намешаванд.
Барои шахсоне, ки ҷиноятхои вазнин содир кардаанд, муҳлати ҷазо, ки додгоҳ таъйин кардааст, барои содир намудани ҷиноятхои махсусан вазнин муҳлати он ду баробар кам карда мешавад.
Ҳамчунин нафароне, ки ҷиноятҳои террористӣ, экстремистӣ, коррупсионӣ, хиёнат ба давлат, ташкили бетартибиҳои оммавӣ содир намудаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин ҷиноят аз ҷониби ноболиғ содир шуда бошад, инчунин шиканҷа ва ҷиноятҳои зидди дахлнопазирии ҷинсии ноболиғон зери қонуни афв қарор гирифтанд.
Тибқи қавонини имзошуда аз ҷониби раисҷумҳури Қазоқистон, ҳудуди 1500 нафар шаҳрвандони ин кишвар афв мешаванд.