Маълум шуд, ки аз авоили сол чанд нафар русиягӣ аз Тоҷикистон дидан кардааст

Шумораи шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта 2,5 баробар афзудааст: сегонаи аввал шаҳрвандони Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон мебошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Тайи моҳҳои январ-сентябри соли 2022 беш аз 870,7 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Ин рақам дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли қаблӣ, ки 526,7 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ вориди кишвар шудаанд, 2,5 баробар бештар аст.
Гуфта мешавад, ки аз 870,7 ҳазор нафар беш аз 685,3 ҳазор нафарашон сайёҳон мебошанд. Ин рақам дар сол 3,7 баробар афзуд.
Маҳбубияти Тоҷикистон миёни ӯзбекҳо тақрибан панҷ баробар афзудааст
Бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон аз Ӯзбекистон, Русия ва Қазоқистон омадаанд.
Дар таносуби ададӣ, маълумот ба таври зерин тақсим мешавад:
ӯзбекистониҳо – 575,1 ҳазор нафар (66% аз шумораи умумӣ);
русҳо – 225 ҳазор нафар (25,8%);
қазоқҳо - 18 ҳазор нафар (2,1%) ба ҷумҳурӣ омадаанд.
Илова бар ин, аз аввали соли 2022 шаҳрвандони ИМА ба Тоҷикистон – 5,4 ҳазор нафар (0,6%), Туркия – 5,2 ҳазор нафар (0,6%), Қирғизистон – 3,5 ҳазор нафар (0,4%), Афғонистон – 2,5 ҳазор нафар ( 0,3%) ва шаҳрвандони дигар давлатҳо омадаанд