ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Мусофирон аз Душанбе ба далели лағви парвоз рӯзи дувум ба фурудгоҳи Пулковои Санкт-Петербург наметавонанд парвоз кунанд.
Аз маълумоти нишондодҳои воридот маълум мешавад, ки парвоз аз пойтахти Тоҷикистон лағв шудааст, ки расидани он соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ пешбинӣ шуда буд.
Парвози SZ 203 аз ҷониби ширкати "Сомон Эйр" амалӣ карда мешавад. Тағйирот ба чӣ вобаста аст, фурудгоҳ хабар надод.
Илова бар ин, бо чунин ҳолати лағви парвоз хатсайрҳо аз масири Шарм-ал-Шайх дучор ва инчунин аз Бухоро дучор шудаанд.
Аммо дар ҳамин ҳол субҳи имрӯз 3 ноябр, соати 04:00 фурудгоҳ ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии", ки аз Душанбе омада буд, қабул кард.
Ҳамчунин соати 12:35 парвози ҳавопаймои ҳамин ширкати русӣ аз Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.