Ҳушдори Раҳмон, лимити барқ ва ҳамсояҳои ноором: октябр дар Тоҷикистон

Муҳимтарин воқеаҳои моҳи октябр - аз вазъи ноороми марз то таҳдиди террористон ва таҳлили арсаи сиёсии кишвар —дар маводи Sputnik Точикистон.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik, Григорий Ростов. Нимаи тирамоҳ дар Тоҷикистон пуршиддат ва серташвиш буд. Кишвардор Эмомалӣ Раҳмон дар аввал ва охири моҳи октябр ба саросари ҷумҳурӣ сафар кард, вале бештар дар чорабиниҳои муҳими байналмиллалӣ ширкат дошт ва дар он аз хатарҳо ба Осиёи Марказӣ ҳушдор дод.
Ҳамчунин, раҳбари Тоҷикистон бо миёнҷигарии президенрти Русия Владимир Путин бо ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов дар талоши оштӣ шуданд.
Муносибатҳои ҳарду кишвар вақтҳои охир, сахт гардише доранд: аз суханҳо дар бораи сулҳ ва ҳамсоягии нек ногаҳон гузаштан ба суханҳои сахти низомӣ. Ва бар хилофи аҳду паймоне, ки қаблан баста буданд.
Аммо, Тоҷикистон набояд фаромӯш кард, ки "зимистон нздик аст", чуноне ки дар як сериоли маъруфи телевизионӣ гуфта мешуд. Барои сокинон, бахусус бошандагони деҳот, ин маънои камаш 4 моҳи "бебарқӣ"-ро дорад. Хонаҳои сард, корхонаҳои корношоям, ҷудо аз тамаддун: умуман, маҷмуи "ҷаззобияте", ки мардум ба он одат кардаанд, вале норозӣ ҳастанд.

Минтақаҳоро тафтиш мекунад, ба Осиёи Марказӣ ҳушдор медиҳад

Дар оғози моҳ раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як сафар аз ноҳияи Турсунзода ва дар охир аз вилояти Хатлон дидан кард. Раҳмон ба ғайр аз тафтиши вазъияти кор дар маҳалҳо як қатор иншооти хоҷагии қишлоқ, саноатӣ ва иҷтимоӣ кушод.
Пинҳон кардани камбудиҳо аз паси иншооти нав барои роҳбарони маҳаллӣ аллакай ба ҳукми анъана даромадааст. Аммо таваҷҷуҳи асосии сарвар на ба ҳаҷми ҳосил, балки ба ширкат дар нишастҳои муҳими байналмилаллӣ, ки аксарияти онҳо дар Остона ва санкт-петербург баргузлор шуд, равона кард.
Сухан дар бораи нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), мулоқоти ғайрирасмии сарони ИДМ ва музокирот бо Ҷабборов бо миёнҷигарии Путин меравад.
Дар ду ҷабҳа - Тоҷикистонро ҳам аз шимол ва ҳам аз ҷануб таҳдид мекунанд
Раҳмон дар суханрониҳои худ бори дигар ҳамкасбонашро аз таҳдидҳо ба минтақа ҳушдор дод, ки ба фикри ӯ бештар нодида гирифта мешаванд. Тоҷикистон рушди "ташаббуси об"-ро идома дода, тамоми кишварҳоро ба ҳамкорӣ дар ин замина даъват мекунад.
Дар конфронси ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза алайҳи терроризм дар Душанбе хатарҳои воқеии сар задани таҳдидҳо дар қаламрави Афғонистон баррасӣ шуд.
"Солҳои охир доираи таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ пайваста тавсеа ёфта, фаъолияти созмонҳо ва гурӯҳҳои террористиву ифротӣ фаромарзӣ мешавад", - гуфт Раҳмон дар ин чорабинӣ.
Пас аз 10 рӯз маълум шуд, ки Владимир Путин низ аз ин таҳдидҳо нигарон аст.
"Ин террористҳо кӯшиш мекунанд, ки ба кишварҳои ИДМ ворид шаванд, ячейкаҳои махфӣ ташкил кунанд. Дар Афғонистон, бахусус дар наздикии марзҳо бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, тамаркузи гурӯҳҳои ҷангӣ, албатта, хатари эҳтимолии вуруд ба ин минтақаро дорад", - гуфт раҳбари Русия дар ҷаласаи онлайнии Шӯрои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви Иттиҳод.
Коршинос гуфт, дар чӣ ҳолат толибон ба Тоҷикистон ҳамла хоҳанд кард
Ин ҷо танҳо як хулоса ҳаст: давлатҳои ИДМ, СПАД ва СҲШ бояд муттаҳид шаванд ва талошҳои худро ҷиҳати пешгирии паҳншавии ин сирояти террористӣ, ки дар марзҳо реша давондаанд, пурзӯр намоянд.

Вақте миёни рафиқон созиш нест

Даҳсолаҳои таниши марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои ахир ба таври васеъ авҷ мегирад. Он ба задухӯрдҳои воқеӣ бо истифода аз техникаи вазнин, артиллерия ва авиатсия расидааст.
Изҳороти бемасъулиятонаи баъзе мансабдорони баландпоя низ ба оташ равған мерезад. Масалан, вазири дифоъи ҷумҳурии ҳамсоя бевосита муноқишаи байни ду кишварро "ҷанг" номид.
"Мутаассифона, ҷанг бо ин тамом намешавад. Чанде пеш бо дабири кулли СПАД Станислав Зас мулоқот доштам. Ман ба ӯ гуфтам, ки миёни Қирғизистону Тоҷикистон сулҳ нахоҳад буд", - гуфт Бахтибек Бекболотов.
Хуб, мавқеи вазири мудофиа комилан равшан ифода ёфтааст. Дуруст аст, ки ин ба суханони Ҷабборов, ки даъват мекунад, ки тамоми масъалаҳои баҳсталаб танҳо бо роҳи сиёсӣ ҳал карда шаванд, комилан мухолиф аст. Бо вуҷуди ин, пас аз ин воқеа ягон хулосае ба даст наомадааст.
Сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия дар бораи баҳсҳои марзӣ ба чӣ тавофуқ расиданд?
Ҳар ду ҷониб одатан якдигарро ба омодагӣ ба ҳамлаи мусаллаҳона, тасодуфан дар хати сарҳади умумӣ бунёд кардани иншооти мудофиавӣ ва кашидани аскарон муттаҳам мекунанд.
Дараҷаи "нодӯстӣ" рӯз то рӯз меафзояд ва касе ин тамоюлро ором карда наметавонад. Ҳарчанд маҷлисҳо дар сатҳҳои гуногун баргузор мешаванд ва баъд аз он санадҳои муқаррарӣ, ки бо истилоҳҳои сулҳпарварӣ фаро гирифта шудаанд, қабул мешаванд, аммо аз ин ҳама чунон хаста шудааст, ки ҳатто як деҳқони бесавод афсона будани ин ҳуҷҷатҳоро мефаҳмад.
Раисони Исфараву Бодканд сари масъалаи марз музокирот намуданд
Пешниҳоди фиристодани нерӯҳои посдори сулҳи СПАД ба хатти сарҳад низ садо дод, вале бештари таҳлилгарон ба ин андеша муносибати сард доштанд. Ва ваъдаи Маскав нмз бо асноди дар дасташ буда, ҳавасеро бедор накардааст, зеро ҳар кадоме аз тарафҳо ин заминҳоро азони худ медонанд ва бовар кунондан, ин ҷо кумак намекунад.
Роҳи халосӣ ҳаст: мо бояд созиш ҷустуҷӯ кард, вале бадии кор дар он аст, ки ин иродаи сиёсии ҳар ду мамлакатро талаб мекунад. Аммо, дар ин росто, чӣ дар Душанбе ва чӣ дар Бишкек, шиддат аст.

Шамъҳоро даргиронед, ҷанобон

Ҳанӯз зимистон ба остона қадам нагузоштааст вале, мардуми Тоҷикистон аз ҳоло ба лимити барқ тайёрй мебинанд. Аҳолӣ ангиштсанг, ҳезум, шамъ ва дигар ашёро харидорӣ мекунад, ки ҳадди ақалл дар сармову торикӣ кори онҳоро осонтар кунад.
Ширкати "Барқи тоҷик" маҷбур шуд, ки нотавонии худро дар иҷрои вазифаҳои бевоситааш – шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ ​​таъмин кардани мардум, эътироф кунад.
"Ширкат намехоҳад, ки интиқоли барқро маҳдуд карда, мардумро бе барқ ​​гузорад, аммо имрӯз вазъият инро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, ширкати "Барқи тоҷик" аз истеъмолкунандагон хоҳиш мекунад, ки дар кору хона аз нерӯи барқ ​​сарфакорона ва оқилона истифода баранд ва дар таъмини нерӯи барқи кишвар саҳм гузоранд”, - гуфта мешавад дар изҳороти холдинг.
Беихтиёр сатрҳои ҷовидона ба ёд меоянд: "Наҷоти ғарқшуда кори худи ғарқшудаҳо аст".
Лимит ё таъмири шабакаҳои барқӣ: “Барқи тоҷик” боз аз камбуди обу сарфаи барқ гуфт
Бахши энержии кишвар лимитро ба нарасидани об, фарсуда шудани таҷҳизот ва хатҳои барқӣ, қарзи аҳолӣ рабт медиҳад. Умуман, чун ҳамеша, дар ҳама вазъият шаҳрвандони бемасъулият айбдоранд.
Раҳмон ба ҳамватанонаш ваъда дод, ки пас аз анҷоми таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Норак онҳоро аз маҳдудияти нерӯи барқ ​​комилан раҳо хоҳанд кард. Аммо, ин ҳодиса бояд на пештар аз 7 сол рӯй диҳад. Пас биёед сабр кунем.
Дар баробари ин, бо масъалаи фурӯхтани нерӯи барқ ​​ба хориҷ корҳои Тоҷикистон хуб пеш меравад. Аз аввали сол даромади содирот тақрибан 100 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 - 11,5% зиёд мебошад.
Нархи барқ дар Тоҷикистон боло меравад: Аз кай ва чанд?
Ҳарчанд Афғонистон то ҳол қарзи худро (ҳудуди 30 миллион доллар) напӯшондааст. Аммо, энергетикҳои ташаббускор бори дигар ресепти санҷидашударо ба кор бурданд — нархро баланд бардоштанд.
Аз 1 октябр ба ҷуз аз корхонаи алюминии ​​ТАЛКО, қимати нерӯи барқ ​​барои ҳамаи тоифаҳои истеъмолкунандагон боло рафт. Ҳарчанд ҳукумат ваъда додааст, ки то соли 2023 ин корро намекунад. Акнун ахолй бояд барои ҳар киловатт-соат 17 % зиёдтар пул диҳад.