ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Ҳавопаймои А-320-и ширкати "Уралские авиалинии", ки аз Душанбе парвоз карда буд, дар фурудгоҳи Иркутск ҳангоми нишаст ба мушкил дучор шуд.
Ҳангоми фуруд омадан чархҳо аз паҳлӯ кафиданд. Гуфта мешавад, ки дар ҳавопаймо 70 мусофир ва 5 узви экипаж ҳузур доштанд.
Тибқи иттилои дигар, дар ҳавопаймо 77 нафар буданд.
Дафтари матбуоти фурудгоҳи Иркутск гуфтааст, ки дар натиҷаи фуруди сахт касе аз мусофирони ҳавопаймо осеб надидааст.
"Дар ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии А-320" ҳангоми фуруд 4 чархи қафо дарида, дастгоҳи фуруд дуруст аст", - гуфт манбаъ.
Дафтари матбуоти Додситонии нақлиёти Сибири Шарқӣ низ таъйид кард, ки "тахриби чархаи фуруд" рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ба далели ин ҳодиса фурудгоҳ парвозҳоро қабул намекунад, ҳоло ҳавопаймо аз хатти парвоз берун карда мешавад, танҳо баъд аз он ҳавопаймоҳои дигар ба парвоз ва фуруд шурӯъ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол якуним соат боз як ҳавопаймои дигар дар болои фурудгоҳ давр мезанад, ки ба далели ин ҳодисаи изтирорӣ дар хатти парвоз имкони фуруд омадаро надорад.